31 Май 2026 - 16:30
Source: ABNA
Ҳамлаи ҷангандаҳо ба хаймаҳои гурезаҳои фаластинӣ; вазъияти вазнини як бемористон дар Ғазза

Ҳамлаи ҷангандаҳои исроилӣ ба хаймаҳои гурезаҳои фаластинӣ ва вазнин шудани вазъияти беморстони Шуҳадои Ал-Ақсо дар ноҳияи Ғазза аз навинтарин хабарҳои марбут ба Фаластин мебошад.

Ба гузориши агентии хабapии Абна бо иқтибос аз Ал-Ҷазира, ҷангандаҳои режими сиёнистӣ чанд дақиқа пеш хаймаҳои гурезаҳои фаластиниро дар урдугоҳи Ҷабалиё, ки дар шимоли ноҳияи Ғазза ҷойгир аст, ҳадаф қарор доданд.

Дар рафти ин ҳамлаи ваҳшиёна як қатор гурезаҳои фаластинӣ маҷрӯҳ шуданд.

Ғайр аз ин, ҳамлаҳои сарбозони сиёнистӣ алайҳи шимолу шарқи урдугоҳи Ал-Бурейҷ дар маркази ноҳияи Ғазза аз сар гирифта шудааст.

Аз сӯи дигар, бо вазнин шудани вазъияти инсонӣ дар ноҳияи Ғазза, мудири беморстони Шуҳадои Ал-Ақсо эълом кард, ки шумораш маъкус барои баста шудани ин бемористон бо сабаби қатъи барқ оғоз шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha